30 сол мо солномаи кишварро менависем!
“Азия-Плюс” – гурӯҳи расонаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 1996 бо таҳияи муҳтавои хабарӣ, таҳлилӣ, фароғатӣ ва интишори он тавассути пойгоҳҳои рақамӣ – сомона, саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва ҳамчунин, василаҳои анъанавии паҳни ахбор – ҳафтанома, маҷалла ва радио машғул аст.
Ҳоло “Азия-Плюс” дар фазои расонаҳои Тоҷикистон пешсаф аст. Сомонаи хабаргузории asiaplus.news бо ҳудуди 1 миллион боздидкунанда дар як моҳ яке аз махзанҳои маъруф ва пурхонанда аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳои “Азия-Плюс” беш аз 2 миллион нафар обуна шуда, муҳтавои онро пайгирӣ мекунанд. Ҳафтаномаи “Азия-Плюс” бо ҳудуди 10 ҳазор теъдоди нашр аз маъруфтарин нашрияи русзабон дар Тоҷикистон аст. Радиои “Азия-Плюс” 107FM дар қаламрави кишвар барои беш аз 2 миллион шунаванда барнома пахш мекунад.
Хабаргузории “Азия-Плюс” тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлия сабтином шуд ва аллакай, соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилӣ нашр кард. Ҳоло хабаргузорӣ бо се забон –тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мутавои хабариву таҳлилӣ таҳия ва пешниҳод мекунад.
Ҳафтаномаи “Азия-Плюс” моҳи январи соли 2000 ба нашр оғоз кард. Ин ҳафтанома дар тамоми қаламрави Тоҷикистон паҳн мешавад ва аз маъруфтарин нашрияи русзабон аст.
Илова ба ҳафтанома, дар таркиби гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маҷаллаи VIPZONE низ фаъол ҳаст, ки пас аз як муддати танаффус, ҳоло боз дубора бо сифати баланд ва муҳтавои ҷолиб нашр мешавад.
Радио “Азия-Плюс” – аввалин радиои хусусӣ дар Душанбе аст. Он 9-уми сентябри соли 2002 ба кор оғоз карда, ҳоло шабонарӯзӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ барнома пахш мекунад. Радиои “Азия-Плюс”-ро дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар рӯйи мавҷи 107FM ва дар шаҳри Хуҷанд рӯйи мавҷи 104,4FM метавон шунид. Ҳамчунин, имкон ҳаст радиоро мустақим ва тавассути интернет шунид.
Дар “Азия-Плюс” бахши таҳияи навор ва маҳсулоти телевизионӣ низ ҳаст, ки ба таҳияи наворҳои босифат ва ҷолиб – аз хабару гузориш то филмҳои ҳуҷҷативу наворҳои таблиғотӣ ва намоҳангҳо машғул аст.
РИСОЛАТ
Рисолати аслии мо — инъикоси бетағарази ҳаводиси муҳими кишвар, пешниҳоди иттилои муфиду боэътимод ба хонандагони худ ва ба ин васила, баланд бардоштани зеҳнияти ҷомеа, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ва муаррифиву ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳадафу орзӯи аслии мо Тоҷикистони муосиру шукуфо аст, ки дар он бо фарзандону набераҳои хеш шоиста кору зиндагӣ намоем. Аз ин лиҳоз, мо бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа — ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тиҷорати ватанӣ ҳамкорӣ мекунем.
Мо кӯшиш мекунем дар самти худ – бахши расонаҳо ҳамеша пешсаф ва ҳамқадами замон бошем. Аз қолабу майлонҳои муосир истифода карда, иттилои сареъ, матолиби таҳлилии бетағараз ва фароғатӣ таҳияву пешкаш намоем.
Мо талош мекунем барои хонандагони худ дӯсти боэътимод ва барои тиҷорати Тоҷикистон – шарики пурсамар бошем.
АРЗИШҲО
ИТТИЛОИ БОЭЪТИМОД ВА ФАВРӢ. Боварии ҷомеа барои мо арзиши воло аст. Аз ин рӯ, мо талош мекунем, ба хонанда, шунаванда ва бинандаи худ танҳо иттилои дақиқ, санҷида ва муҳиму рӯзмарра пешниҳод кунем.
РУШДИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ МАОРИФПАРВАРӢ. Мо бо таҳия ва нашри матолиби маърифативу омӯзишӣ мехоҳем хонанда, шунаванда ва бинандаи худро ба андӯхтани донишҳои нав ҷалб кунем ва бо ин роҳ, дар васеъ гардидани ҷаҳонбинии онҳо, ки минбаъд барои ташаккули тафаккури созанда, таҳлили иттилооту ҳаводиси гуногун ва қабули қарорҳои дуруст мусоидат мекунад, саҳм гузорем.
ФАРОГИРӢ ВА ДАСТРАСӢ. Мо имкони дастрасии баробар ба иттилоъро барои ҳама, сарфи назар аз мақоми иҷтимоиву иқтисодӣ ва макони ҷуғрофиявиаш фароҳам меорем.
АРҶУЗОРӢ БА ФАРҲАНГУ ТАЪРИХ. Мо ба таъриху фарҳанги ғании худ арҷ мегузорем ва ҳар матолиби хешро аз ин зовия таҳия ва пешниҳоди ҷомеа мекунем. Ҳамчунин, хонанда, шунаванда ва бинандаи худро низ ҳамеша ба эҳтироми арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои ниёкони тоҷикон талқин мекунем.
ИСТИРОҲАТ ВА ФАРОҒАТ. Мо ҳамеша тарзи ҳаёти солимро ташвиқ мекунем ва барои истироҳату фароғати солими хонанда, бинанда ва шунавандаи худ матолиби хусусияти тафреҳӣ пешниҳод мекунем.



