Аргентина қаҳрамони ҷаҳон ва Мессӣ беҳтарин бозингар

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар Қатар ба охир расид Унвони қаҳрамони ҷаҳонро тими Аргентина ба даст овард. Дар бозии финалӣ футболбозони Аргентина тими Фаронсаро мағлуб намуданд. Вақти асосӣ (2:2) ва 30 дақиқаи иловагии бозӣ (3:3) мусовӣ анҷом ёфта, дар зарбаҳои 11-метра футболбозони Аргентина бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд. Бино ба маълумоти портали омории Opta […]

Asia-Plus

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар Қатар ба охир расид Унвони қаҳрамони ҷаҳонро тими Аргентина ба даст овард.

Дар бозии финалӣ футболбозони Аргентина тими Фаронсаро мағлуб намуданд. Вақти асосӣ (2:2) ва 30 дақиқаи иловагии бозӣ (3:3) мусовӣ анҷом ёфта, дар зарбаҳои 11-метра футболбозони Аргентина бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Бино ба маълумоти портали омории Opta Sports, дар ин мусобиқа ҳамагӣ 172 гол зада шуд, ки барои мусобиқаҳои ҷаҳон нишондиҳандаи рекордӣ аст.

Мессӣ беҳтарин бозингари чемпионати ҷаҳон дар Қатар шуд.

Энсо Фернандес (Аргентина) — беҳтарин бозингари ҷавони мусобиқа.

Эмилиано Мартинес (Аргентина) — беҳтарин дарвозабони чемпионат.

Килиан Мбаппе (Фаронса) — нишонзани беҳтарин.

Аргентина бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуд. То ин дам аргентиниҳо солҳои 1978 ва 1986 ин унвонро ба даст оварда буданд.

Месси аз рӯи шумори бозиҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон рекордсмен шуда (26 бозӣ), дарвозабони фаронсавиҳо Уго Лорис аз рӯи ин нишондиҳанда байни дарвозабонон рекорд гузошт (20).

Дар бозӣ барои зинаи сеюм дастаи Ховатия тими Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба медали бириниҷии мусобиқа соҳиб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.